Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи шатранҷбозони ҷавони Душанбе


Мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе, ки тӯли ҳашт рӯз идома кард, 11-уми январ ба анҷом расид.

Дар ин сабқат 90 шатранҷбози синнашон аз 8 то 20-сола ширкат карданд. Мусобиқа байни писарону духтарон мувофиқи синну соли онҳо дар шаш гурӯҳ сурат гирифт.

Довари ин мусобиқа Саодат Одинаева, мураббии мактаби шоҳмоти шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҳадафи аслии мусобиқаи шаҳрӣ муайян кардани истеъдодҳои ҷавон ва ба ҳайати дастаи мунтахаби пойтахти кишвар шомил кардани онҳо буд. Ғолибони мусобиқаи шаҳрӣ ҳуқуқ пайдо карданд, дар мусобиқаи ҷумҳуриявии шатранҷбозони ҷавон, ки моҳи март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат варзанд».

Дар сабқати писарон мувофиқи синну соли худ дар гурӯҳҳо Абдулло Қурбонов, Эраҷ ва Умар Насриддиновҳо, Алишери Мӯъмин, Алиёр Чоршанбиев ва Самандари Мирзоалӣ ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар сабқати духтарон Диана Антонова, Наргис Усмонова, Моҳпочои Сайалӣ, Сарвиноз Каримова, Мутрибаи Илҳом ва Марворид Насриддинзода ғолиб шуданд.

Воқеъан, ду нафар ғолибони ин мусобиқа – Марворид Насриддинзода ва Мутрибаи Илҳом - ба феҳристи навини Федеросиюни байнулмилалии шоҳмот (ФИДЕ) дохил шудаанд.

Тоҷикистон дар ин феҳрист байни 140 кишвар дар мақоми 63-юм қарор дорад. Гроссмейстери байнулмилалӣ Фаррух Амонатов бо касби 2634 имтиёз байни 22 шатранҷбози тоҷик, ки аз рӯи натоиҷи дар мусобиқоти байнулмилалӣ ба даст овардаашон ба феҳристи ФИДЕ шомиланд, дар ҷои аввал мебошад.
XS
SM
MD
LG