Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмун барои сохтмони роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб


Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб озмуни байналмиллалӣ эълон кардааст. Озмун дар моҳи феврали соли ҷорӣ баргузор мешавад. Тибқи хабарҳои матбуот, сармоягузории ин тарҳро Бонки Рушди Исломӣ, Бунёди рушди арабӣ дар Кувейт, Бунёди Рушди Арабистони Саудӣ, Бунёди Абудабӣ ва ОПЕК ё созмони кишварҳои содиркунандаи нафт бар ӯҳда гирифтаанд. Барои сохтмони ин роҳ 85 миллион доллар қарз ихтисос дода мешавад. Барандаи озмун метавонад сохтмони роҳро бар ӯҳда бигирад. Дар ин озмун ширкатҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон метавонанд ширкат кунанд
XS
SM
MD
LG