Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле ки хабаргузориҳо аз баста шудани ду сомонаи интернетӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳанд, ҳамкорони мо дар Душанбе мегӯянд, пас аз як танаффуси тақрибан дусоата ҳарду сомона аз нав дастрас шудаанд.

Субҳи имрӯз хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки дар ростои интихоботи порлумонии Тоҷикистон бо дархости ҳукумати кишвар дастрасӣ ба ду сомонаи интернетӣ дар Тоҷикистон номумкин гаштааст.

Намояндаи яке аз ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон -- "Тоҷиктелеком" ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, аз ҳукумати Тоҷикистон номае гирифтааст, ки дар он ба бастани бархе аз сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла Centrasia.ru ва Uzmetronom.com дархост шудааст.

Кормандони ширкатҳои хусусии интернетрасон низ гирифтани чунин дастури расмиро тасдиқ кардаанд. Яке аз масъулони ширкати "Телеком текнолоҷӣ" ба Радиои Озодӣ гуфт, баста шудани ин ду сомона дар сартосари кишвар аз тарафи ин таъминкунандаи интернет зимни телефонограммаи Вазорати нақлиёт ва мухобирот ба вуқӯъ пайваст ва дертар тасмим гирифта шуд, сомонаҳо то расидани номаи расмӣ бо мӯҳр ва имзои вазир озод гузошта шаванд.

Дар нимаи аввали рӯз бархе аз сокинони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ҳақиқат ин сомонаҳои интернетиро боз карда наметавонанд.

Бино ба иттилои хабаргузории Ройтерз, ҳукумат аз пешниҳодкунандагони хадамоти интернетӣ хостааст, сафҳаҳое, ки аз раиси ҷумҳур интиқод мекунанд ва бидуни сонсур "майдони баҳс"-и худро дар ихтиёри хонандагон мегузоранд, баста шаванд.

Centrasia.ru ахбору таҳлилҳои марбут ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба нашр мерасонад. Uzmetronom.com рӯзномаи интернетии мустақил аст, ки асосан маводи марбут ба Узбакистонро мунташир мекунад ва дар худин ин сомона навишта шудааст, ки дастрасӣ ба он дар Узбакистон мамнӯъст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG