Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довталабони интихобот муайян шуданд


Довталабони асоси дар ҳавзаҳои интихоботии Хоруғ ва Ванҷ муайян шуданд.

Мирганд Шабозов, академик ва раиси кумитаи омори Тоҷикистон, номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи ҷумҳуриявии 41-и Хоруғ пешбарӣ шуд.

Номзадии Мирганд Шабозовро вакилони конфронси минтақавии бахши вилоятии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки имрӯз дар Хоруғ баргузор шуд, дастгирӣ карданд. Қаблан дар ин ҳавза ҳизби сотсиал-демократ Алим Шерзамонов, раиси бахши вилоятии ҳизб ва омӯзгори як мактабро номзад ба вакилӣ пешниҳод намуд.

Интизор меравад, ки ҳавзаи инхоботии ҷумҳуриявии Хоруғ ба майдони сабқати намояндагони ин ду аҳзоб – халқӣ-демократӣ ва сотсиал-демократ табдил меёбад. Ҳизби халқ-ӣ-демократӣ қаблан ба аъзояш дастур дод, ки ба хотири таъмини ягонагии ҳизбӣ аз ҳуқуқи худпешбарӣ истифода накунанд.

Масъулини бахши вилоятии Ҳизби назҳати ислом низ гуфтанд, ки онҳо чун нишонаи ҳамраъйӣ дар ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявии Хоруғ номзадашонро вориди сабқат нахоҳанд кард.

Ба гуфтаи намояндагони аҳзоби дигар, гаравпулӣ ва вазъи душвори молиявӣ монеи пешбарӣ гардидани номзадҳо ба вакили шудааст.

Дар ҳамин ҳол дар ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявии 40-и Ванҷ намояндагони аҳзоби халқӣ-демократӣ ва назҳати ислом талош хоҳанд варзид.

Ба гуфтаи муовини авали раиси ноҳияи Рушон Маҷид Маҷидов, конфронси минтақавии ҳизби халқӣ-демократиНарзулло Ҷонов, раиси ноҳияи Ванҷро номзад ба вакилӣ дар ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявии Ванҷ пешбарӣ кард.

Аммо масъулини бахши вилоятии ҳизби назҳат изҳор доштанд, ки имрӯз бо баргузории конфронси минтақавии ҳизб дар маркази ноҳияи Ванҷ Мирзораҳим Кузов, аъзои раёсати олии ҳизб, ки солиёни зиёд масъули равобити хориҷии ҳизбро бар ӯҳда доштааст, номзад ба вакилӣ пешбарӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG