Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон аз маҳофили байналмиллалӣ кӯмак хост


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хитоб ба ҳамаи созмонҳои байналмиллалии кӯмакрасон ва ожонсиҳои СММ аз онҳо дархост кардааст, ки ба осебдидагони зилзилаи ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон кӯмакҳои молӣ ва моддӣ расонанд. Бино ба пешниҳоди коршиносон, аз минтақаи осебдида бояд 200 хонавода ба ҷойҳои амн кӯч дода шаванд. Коршиносон гуфтаанд, дар натиҷаи идомаи зилзила хонаҳое, ки то андозае осеб дида буданд, тадриҷан валангор мешаванд. Рӯзҳои 7-8-ӯми январ дар ноҳияи Ванҷ се зилзилаи дигар рух додааст. Дар минтақаи осебдида камбуди шадиди масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯхт ва маводи ғаззоӣ эҳсос мешавад.
XS
SM
MD
LG