Пайвандҳои дастрасӣ

Собиқ маҳбусони Гуантанамо ба ҷабҳа бармегарданд


Диана Фейнштейн, сенатори амрикоӣ, дар мусоҳиба бо телевизиони CBS гуфт, дастикам сеяки бандиёни озодшудаи маҳбаси Гуантанамо ба ҷабҳаҳои ҷанг алайҳи Амрико баргаштаанд.

Диана Фейнштейн, ки раёсати кумитаи истихборотии Сенатро бар ӯҳда дорад, афзуд, тибқи маълумоти таъйидшуда, аз Яман 24 ё 28 нафаре, ки аз Гуантанамо ба ватанашон бозпас фиристода шуданд, дубора фаъолиятҳои террористиро пеша карда ва дар он ҷо бар муқобили манфиатҳои ИМА меҷанганд.

Дар умум 74 маҳбуси собиқи Гуантанамо ба майдонҳои муҳориба баргаштаанд ва ин шаҳодати он аст, ки Гуантанамо онҳоро ислоҳ накардааст ...
Вай гуфт, бино бар маълумоти тасдиқношуда, дар умум 74 маҳбуси собиқи Гуантанамо ба майдонҳои муҳориба баргаштанд ва ин шаҳодати он аст, ки Гуантанамо онҳоро ислоҳ накардааст.

Дар ҳамон барномаи телевизиони CBS конгресмени ҷумҳурихоҳ Питер Ҳоекстар аз кумитаи истихборотии маҷлиси намояндагон назари ҳамсонро баён кард. Вай низ таъйид кард, ки як қисми боздоштшудагони собиқи маҳбаси Гуантанамо ба ҷабҳаҳои ҷангӣ бозгаштанд.

Вай гуфт, акнун он маҳбусони собиқ барои худашон як ҷабҳаи нав пайдо намуданд ва ин ҳам Яман мебошад. Онҳо акнун на ба Покистону Афғонистон, балки ба ин кишвари арабӣ мераванду дар онҷо бар муқобили манфиатҳои ИМА мубориза мебаранд.

Ҳоекстар афзуд, аз ашхосе ки мехоҳанд ба ИМА ҳамлаҳо анҷом диҳанд, гурӯҳҳои вижа ташкил мешавад ва ниҳодҳои амнияти дохилии Амрико бояд бо ин мушкил машғул шаванд.

Суханони ин ду қонунгузор дар ҳоле садо дод, ки чанд рӯз қабл сухангӯи вазорати дифои Амрико Пентагон Геоф Морел тасдиқ карда буд, ки шумораи маҳбусини собиқи Гуантанамо, ки дубора ба фаъолиятҳои террористӣ баргашта ба гурӯҳҳои ҷангҷӯён мепайванданд, рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо хабарнигорон Морел гуфта буд, ки бино ба гузориши моҳи апрели Пентагон, ҳадс зада мешавад, ки наздик ба 14 дарсади боздоштшудагони собиқи Гуантанамо робитаҳоро бо ҷангҷӯён барқарор мекунанд.

Аҳамияти ин мавзӯъ ба вижа дар ҳоле афзудааст, ки маълум шуд амали терористии нокомро рӯзи 25 декабр дар ҳавопаймое, ки аз Ҳоланд ба Детройти Амрико парвоз мекард гурӯҳи Ал-Қоидаи нимҷазираи Арабистон тарҳрезӣ карда буд. Ниҳодҳои истихборотӣ бовар доранд, ки ду боздоштшудаи собиқи Гуантанамо раёсати ин гурӯҳро бар ӯҳда доранд.

Баъд аз ҳамлаи номуваффақи рӯзи ҷашни Милоди Масеҳ президент Барак Обама интиқоли маҳбусини яманитабори Гуантанамаро ба Яман мутаваққиф кард. Дар айни ҳол дар Гуантанамо дастикам 198 гумонбаршуда дар терроризм боқӣ мемонад ва тақрибан 91 нафарашон шаҳрванди Яман мебошанд.

Мунаққидони Обама аз вай даъват мекунанд, то ки аз нақшаи бастани ин боздоштгоҳ даст кашида ва маҳбусони боқимондаро озод накунад.
XS
SM
MD
LG