Пайвандҳои дастрасӣ

Обама мегӯяд, ба Яману Сомалӣ нерӯ намефиристад


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҳеҷ қасди фиристодани нерӯ ба Яман ва ё Сомалӣ надорад, то ба ин кишварҳо ҷиҳати муқобила бо ифротгароёни исломӣ кӯмак кунад. Барак Обама ба маҷаллаи амрикоии “Пипл” гуфтааст, ки ба эътиқоди вай, маркази фаъолияти созмони терористии Ал-қоида манотиқи марзии Афғонистону Покистон боқӣ мемонад. Барак Обама афзудааст, ҳарчанд, “ҳеҷ эҳтимолеро барои Яман ва Сомалӣ сарфи назар намекунад, аммо ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ муассиртарин шева аст”. Барак Обама пештар гуфта буд, ки зоҳиран ҳалқаи Ал-қоида дар нимҷазираи Арабистон он ҷавони нигериявиро тамрин ва муҷаҳҳаз кардааст, ки мехост, рӯзи 25 декабр як ҳавопаймои амрикоиро мунфаҷир кунад. Ал-Шабоб як гурӯҳи тундрави ҳаводори Ал-қоида ҳоло бахши азимеро дар Сомалӣ таҳти контроли худ даровардааст.
XS
SM
MD
LG