Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи "эҳтимолии" Амрико дар мавриди Эрон


Дейвид Петреус - генерали олирутбаи Амрико мегӯяд, кишвараш барои расидагӣ ба барномаҳои атомии Эрон “тарҳи эҳтимолиеро” омода кардааст. Дейвид Петреус – раиси ситоди муштараки артиши Амрико, ки нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна, Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ дар тобеъияти ӯ ҳастанд, доир ба ин тарҳ ҷузъиёте надод. Вай дар сӯҳбат бо телевизиони Си Эн Эн ҳамчунин аз шарҳи суол доир ба ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба таъсисоти атомии Эрон худдорӣ варзид. Дейвид Петреус афзуд, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон фурсат доранд. Амрико саъй дорад, то алайҳи Эрон таҳримоти тозае эъмол шавад, чун Эрон пешниҳоди ҳосилшуда бо миёҷигарии Созмони Миллал барои ғанисозии ураниуми Эрон дар хориҷ напазируфт. Эрон иддаъоҳо доир ба талош ҷиҳати сохтани силоҳи атомиро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG