Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои посух ба СММ омода мешавад


Кумитаи Ҳимоят аз Ҳуқуқи Кӯдак дар Созмони Милал ба зудӣ иқдомоти Тоҷикистон ҷиҳати ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон дар ин кишварро баррасӣ хоҳад кард. Дар ҷаласаи кумитаи мазкур, ки имрӯз дар шаҳри Женева ифтитоҳ ёфта ва то охири моҳ идома мекунад, ҳукумати Тоҷикистон гузориш хоҳад дод, ки барои рушди атфол, ҳифзи ҳуқуқ ва зиндагии муносиби онҳо чӣ корҳое ба анҷом расонидааст. Ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши худ эътироф кардааст, ки камбизоатӣ, буҷаи нокофӣ ва суннатҳои қадима дар амри ҳифзи ҳуқуқу рушди муносиби кӯдакон монеъа эҷод мекунад. Бар асоси ҷадвали пешакӣ, баррасии гузориши ҳукумати Тоҷикистон доир ба иҷрои Конвенсиюни байналмилалии ҳуқуқи кӯдак, рӯзи 17 январ шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG