Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил дар марзаш бо Миср девор мебардорад


Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил, тарҳеро тасвиб кардааст, ки бар асоси он дар имтидоди марзи ин кишвар бо Миср девори муҷаҳҳаз бо абзорҳои пешрафтаи назоратӣ сохта мешавад, то муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ифротгароён ба Исроил роҳ наёбанд. Бенямин Нетаняҳу дар баёнияи расмие гуфтааст, «ин як тасмими стротежӣ барои таъмини амнияти Исроил бо унсурҳои демократии он аст”. Нахуствазири Исроил гуфтааст, кишвараш ҳамчунон паноҳандагон аз манотиқи ҷангзадаро хоҳад пазируфт, вале наметавонад, ба ҳазорон коргарони ғайриқонунӣ иҷоза диҳад, ки аз марзҳои ҷанубӣ вориди Исроил ва сарбории кишвар шаванд. Бино ба гузоришҳо, девори амниятӣ дар бархе аз қитъаҳои марзи Исроилу Миср бунёд мешавад ва абзори пешрафтаи мушоҳида ба марзбонон имкон медиҳад, то марзшиканонро пайдо намоянд.
XS
SM
MD
LG