Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаи таҳқиқоти марги тазоҳургарони эронӣ


Кумитаи таҳқиқотии порлумони Эрон ошкор кардааст, ки Сайид Муртазавӣ - додситони собиқи шаҳри Теҳрон, масъули марги дасти кам се тазоҳургаре будааст, ки дар тазоҳуротҳои зиддиҳукуматии баъди интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурӣ боздошт шуданд. Дар ҷараёни таҳқиқот дарёфтаанд, ки бо вуҷуди гузоришҳо доир ба бадрафторӣ бо маҳбусон дар зиндони Каҳризак, Сайид Муртазавӣ нагузоштааст, то маҳбусонро ба зиндони Эвин интиқол бидиҳанд. Козим Ҷалолӣ яке аз аъзои кумитаи таҳқиқотӣ гуфт, “латукӯб ва чаҳор рӯзи нигаҳдошт бидуни обу ғизои номуносиб ва шароити беҳдоштӣ сабаби марги се нафар будааст.” Яке аз боздоштшудагони кушташуда дар зиндон, писари Абдулҳусейн Рӯҳуламинӣ, ёвари аршади Мӯҳсин Ризоӣ, номзади собиқи муҳофизакор ба мақоми раёсати ҷумҳури Эрон буд.
XS
SM
MD
LG