Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти беҳосили Русияву Белорус


Мақомоти Русия мегӯянд, бо вуҷуди бенатиҷа анҷом ёфтани музокироти ин кишвар бо Ҷумҳурии Белорус доир ба қиммату транзити нафти хом, ҷараёни нафт ҳам ба ин кишвар ва ҳам ба Иттиҳодияи Аврупо идома дорад. Рӯзи шанбе музокироти Русияву Ҷумҳурии Белорус дар мавриди ҳаққи нафти содиротӣ ва транзити он ҳосиле надод. Мақомоти Минск гуфтанд, ки ҳар ду тараф ҳозиранд, баҳсро сари ин масъала идома диҳанд. Хабаргузории “Ройтерс” бо такя ба баёнияи ҳукумати Ҷумҳурии Белорус навиштааст, “Тарафи Русия, амалан далелу муҳосиботи пешниҳодии тарафи Ҷумҳурии Белорусро ба инобат нагирифтааст” ва ҳайъати Минск ҳам ба ватан баргаштааст.
XS
SM
MD
LG