Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори “Sunday Mirror” дар Ҳилманд кушта шуд


Таркиши бомб дар вилояти Ҳилманди Афғонистон, ки ҳайъати дидбонии нирӯҳои эътилофиро ба ҳадаф дошт, мунҷар ба ҳалокати 3 нафар шуд. Бар асари ба бомби рӯироҳ бархӯрдани мошини ҳомили онҳо, як маллоҳи амрикоӣ, як сарбози афғон ва хабарнигори ҳафтаномаи бритониёии “Sunday Mirror” кушта шуда, аксбардори ин нашрия ҷароҳат бардошт.
Дар вилояти ҷанубии Ҳилманд феълан беш аз 9000 сарбози Бритониё ва ҳазорон маллоҳи Амрико мустақар шудаанд. Ҳилманд соли гузашта маҳалли сангинтарин набардҳо миёни ҷангиёни толиб ва нирӯҳои НАТО шуда буд.
XS
SM
MD
LG