Пайвандҳои дастрасӣ

Тими Того ба ватан бармегардад


Капитани тими миллии футболи Того Эммануэл Адебайор гуфт, тими ӯ аз ширкат дар Ҷоми Африқо даст кашида, бо машварати ҳукумати ин кишвари африқоӣ ба ватан бармегардад. Ахиран аъзои тими Того изҳор карданд, ки бо вуҷуди ҳамлаи хунини рӯзи ҷумъа мехоҳанд дар ин мусобиқот бимонанд.
Вале сарвазири Того Ҷилберт Ҳоунгбо исрор варзидааст, ки тим ба далоили амниятӣ Ангола, маҳалли баргузории мусобиқоти Ҷоми Африқоро тарк кунад.
Рӯзи ҷумъа як гурӯҳи мусаллаҳ автобуси тими Тогоро дар минтақаи ҷудоиталаби Кабинда тирборон кард. Бар асари ин ҳамла се нафар кушта ва 8 тани дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG