Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии раҳбари Яман барои гуфтугӯ бо Ал-Қоида


Раисиҷумҳури Яман гуфт, барои гуфтугӯ бо аъзои шабакаи Ал-Қоида омода аст, вале ба шарте ки онҳо силоҳҳои худро ба замин гузошта, роҳи хушунатро маҳкум кунанд. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба телевизиони Абӯ Забӣ гуфт, давлати ӯ барои ахзи тавофуқ бо ҳар нафаре, ки хушунат ва терроризмро маҳкум мекунад, аз ҷумла бо Ал-Қоида, омода аст. Вале ӯ афзуд, ки дар ғайри сурати қатъи хушунатҳо, нирӯҳои амниятии Яман теъдоди ҳатталимкон бештари ҷангиёни Ал-Қоидаро саркӯб хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, устондори вилоятии Шабво ба рӯзномаи “Ал-Шарқ-ал-Асват” гуфтааст, даҳҳо ҷангии Ал-Қоида аз Афғонистон ба ин вилояти воқеъ дар ҷануби Яман сарозер шуда, ба танзимҳои маҳаллии ҷиҳодӣ мепайванданд.
XS
SM
MD
LG