Пайвандҳои дастрасӣ

Попи Рум куштори коптҳоро маҳкум кард


Попи Рум Бенедикти 16 куштори 6 масеҳии копт дар таърихи 6 январ дар Мисрро маҳкум кард. Попи Рум ба зоирини гирдомада дар майдони Санкт Питер дар Ватикан гуфт, хушунат алайҳи масеҳиён ба вижа ба ин далел, ки дар рӯзҳои таҷлил аз мавлуди Исои Масеҳ сурат гирифт, мавҷи маҳкумиятҳоро дар байни мардуми зиёде ба бор овард. Коптҳо тақрибан 10 дарсад аз ҷамъияти аксаран мусалмони Мисрро ташкил медиҳанд.
Попи Рум ошӯбҳои ахир миёни муҳоҷирони африқоӣ ва итолиёиҳо дар ҷануби Итолиёро низ маҳкум кард ва гуфт, муҳоҷирон ҳам ҳуқуқ доранд, ки бояд эҳтиром шавад. Поп гуфт, муҳоҷирон дар чашми Худованд баробари дигарон азизанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG