Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон ду фармондеҳи ҷангиён кушта шуданд


Мақомоти Русия мегӯянд, дар ду мавриди алоҳида дар ҷумҳурии Доғистон 5 ҷангии исломӣ, бо шумули ду фармондеҳи ҷангиён кушта шуданд. Яке аз онҳо Марат Қурбонов будааст, ки дар байни ҷангиён ҳамчун амири Махачқалъа, пойтахти Доғистон шинохта мешуд. Интерфакс ҳамчунин аз қавли мақомоти амниятии ин ҷумҳурии хушунатзада дар бораи ҳалокати Мадрид Бегов хабар додааст, ки низ фармондеҳи як гурӯҳи умдаи ҷангиён дар ин минтақаи Қафқози шимолӣ маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG