Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 30 тан аз "Модарони азодор" дар Теҳрон


Нирӯҳои амниятии Эрон, бино ба хабарҳо, 30 тан аз гурӯҳи “Модарони азодор”-ро, ки алайҳи кушта шудан ва ғайб задани фарзандони худ дар ҷараёни тазоҳуроти пасоинтихоботӣ эътироз мекарданд, боздошт кардааст. “Калима”, сомонаи интернетии мухолифини Эрон, аз қавли шоҳидон навишт, ки ин занон рӯзи шанбе дар боғи Лола дастгир шудаанд.
“Калима” мегӯяд, ҳудуди 30 нафарро боздошт ва ба мошинҳо бор кардаву ба идораи пулис бурдаанд.
“Модарони азодор” гурӯҳест, ки модарони афроди дар ҷараёни эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон кушташудаву ғайбзадаро муттаҳид мекунад. Аммо хабари боздошти ин 30 зан аз ҷониби манобеъи дигар ҳанӯз тасдиқ ё радд нашудааст.
XS
SM
MD
LG