Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 5 ҷангӣ дар Исмоилхели Покистон


Бино ба хабарҳо, ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини зоҳиран амрикоӣ дастикам 5 ҷангиро дар сарзминҳои қабиланишини Вазиристони шимолии Покистон кушта ба ҷо гузошт. Рӯзномаи инглисизабони The News навишт, 6 чирикии дигар бар асари ин ҳамлаи шаби шанбе дар рустои Исмоилхел захмӣ шудаанд. Нашрия аз қавли манобеъаш афроди куштаву захмишуда дар ин амалиётро нафарони марбут ба раҳбари қабилаи маҳаллӣ Ҳафиз Гулбаҳодур хондааст.
Ин дуввумин ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ин минтақа дар ду рӯзи охир будааст.
XS
SM
MD
LG