Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими Тогоро аз Ҷоми Африқо фаро хонданд


Сарвазири кишвари африқоии Того Ҷилберт Ҳоунгбо ба тими миллии футболи кишвараш дастур додааст, аз ширкат дар Ҷоми Африқо даст кашида, ба ватан баргардад.
Қаблан сухангӯи Иттиҳодияи футболи Африқо гуфта буд, аъзои тими Того тасмим гирифтаанд, ба хотири ҳамроҳони кушташудаи худ дар ин мусобиқот ширкат биварзанд.
Рӯзи ҷумъа як гурӯҳи мусаллаҳ автобуси ҳомили тими Тогоро дар минтақаи ҷудоиталаби Кабинда тирборон кард. Бар асари ин ҳамла се нафар кушта ва 9 тани дигар, бо шумули дарвозабони дуввуми дастаи миллии Того захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG