Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон рӯзи сешанбе ба Русия хоҳад рафт


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ҳафтаи оянда ба хотири баррасии масоили ҳамкории ду кишвар дар соҳоти иқтисодиву энержӣ ба Русия сафар мекунад. Ин сафар рӯзҳои 12 ва 13 январ сурат хоҳад гирифт.
Русия як ҳамкори умдаи тиҷории Туркия маҳсуб шуда, 60 дарсади гази Туркияро низ Маскав таъмин мекунад.
Эрдуғон бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар моҳи августи гузашта дар Анкара ба протоколе имзо гузоштанд, ки истифодаи ҳарими обии Туркия барои эҳдоси лӯлаи гази мавсум ба Маҷрои ҷанубиро дар назар дорад. Ин лӯла зоҳиран рақиби тарҳи лӯлаи гази Набуккост, ки аз он ИА пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG