Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба муҳоҷирон патенти алоҳида хоҳад дод


Ҳукумати Русия ба муҳоҷирони хориҷӣ патентҳои вижаеро пешниҳод мекунад, ки ба онҳо ҳаққи кори кироя барои афроди алоҳидаро хоҳад дод. Ҳукумат тарҳи тағйироти марбута ба қонунгузориро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия ироа кардааст.
Русия ахиран квотаи солона барои истихдоми нирӯи кори хориҷиро аз қариб 2 миллиони қаблӣ то ба ҳадди 1,3 миллион нафар коҳиш дод. Вале ин дар ҳолест, ки ҳамасола ба хотири кор беш аз 12 миллион нафар атбоъи хориҷӣ вориди Русия мешаванд. Аз ҷумла ҳудуди 1 миллион нафар аз Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG