Пайвандҳои дастрасӣ

Берлусконӣ ба кор бармегардад


Сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ гуфт, ки баъди 4 ҳафтаи табобат рӯзи душанбе ба кор бармегардад. Берлусконии 73-сола рӯзи 13 декабр дар як раҳпаймоӣ дар Милан аз сӯи марде, ки мушкилоти равонӣ доштааст, ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва аз ноҳияи рӯй ва бинияш захм бардошт.
Берлусконӣ ба нашрияи "Repubblica" гуфтааст, ки феълан худро беҳтар ҳисс мекунад , вале аломатҳои он захмҳо дар рӯяш ҳанӯз ҳувайдост. Табибон ба ӯ гуфтаанд, ки изи захм батадриҷ хоҳад рафт, вале худи Берлусконӣ аз он афсӯс мехӯрад, ки дар он ҳамла як дандонашро бебозгашт аз даст дод.
XS
SM
MD
LG