Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Содироти гази Туркманистон ба Русия шурӯъ шуд


Ширкати “Газпром”-и Русия мегӯяд, Туркманистон интиқоли газаш ба Русияро баъд аз 9 моҳи таваққуф рӯзи шанбеи 9 январ аз сар гирифт. Сухангӯи “Газпром” сергей Куприянов ба радиои “Эхо Москви” гуфт, “кулли масоили аслии марбут ба интиқоли газ ҳалл шудааст.” Туркманистон, ки аз қатъ шудани содироти газаш тавассути Русия ҳар моҳ ҳудуди 1 миллиард доллар хисорот медид, Маскавро дар ин амал айбдор мекард. Ин таниш мояи бад шудани равобити Ишқобод бо Маскав шуд ва Туркманистон акнун бозорҳои нави фурӯши гази худро дар Чину Эрон меҷӯяд.
Тибқи қарордоди нав Русия аз Туркманистон солона то 30 миллиард метри мукааб газ хоҳад гирифт, ки назар ба гузашта камтар аст.
XS
SM
MD
LG