Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯёрӯии коптҳо ва мусалмонҳо дар ҷануби Миср


Хабаргузории Ройтерс навиштааст, рӯзи шанбе мусалмонон ва масеҳиён дар шаҳри Ноҷи Ҳамадӣ дар ҷануби Миср манозил ва дӯконҳои якдигарро ба коми оташ додаанд. Ин қазия ҳамагӣ се рӯз баъд аз кушта шудани 6 масеҳии пайрави мазҳаби копт бо дасти як гурӯҳи мусаллаҳ рух додааст.
Як мақоми амниятӣ гуфтааст, дар маҷмӯъ 8 сохтмон – 4 манзилу мағозаи марбут ба мусалмонон ва 4 хонаву дӯкони коптҳо ба коми оташ рафтааст. Коптҳо тақрибан 10 дарсад аз ҷамъияти аксаран мусалмони Мисрро ташкил медиҳад.
Рӯзи шанбе дар бастагӣ ба парвандаи қатли коптҳо се мусалмонро дастгир кардаанд, ки дар таҳия ва анҷоми қатлҳои қасдӣ муттаҳам мешаванд.
XS
SM
MD
LG