Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақозои Пекин аз Амрико дар мавриди Тайван


Чин аз Амрико хостааст, барномаи фурӯши таҷҳизоти мушакиаш ба Тайванро лағв кунад. Чин гуфтааст, ин қарордод ба амнияташ латма зада, ба равобити низомӣ миёни Пекину Вошингтон халал ворид хоҳад кард.
Муовини вазири хориҷаи Чин Ҳе Яфеӣ дар сӯҳбат бо матбуоти маҳаллӣ масъалаи Тайванро муҳимтарин ва ҳассостарин мавзӯъ дар роҳи равобити Чину Амрико номидааст.
Як мақоми амрикоӣ ду рӯз пеш дар Тайпей гуфт, ки Амрико қарордоди ба Тайван фурӯхтани таҷҳизоти мушакии "Пэтриот"-ро соле пеш тасвиб карда буд. Пекин Тайванро як бахши Чин мешиносад ва ҳушдор додааст, ки ба хотири таҳти назорат овардани ин ҷазира метавонад аз нирӯ ҳам истифода кунад.
XS
SM
MD
LG