Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хоманаӣ аз саркӯбии тазоҳургарон ҳимоят кард


Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз мақомот даъват кард, масъулияти худ дар қиболи афроди фасодзада ва ошӯбгаронро иҷро кунанд. Хоманаӣ дар шаҳри Қум гуфт, раҳпаймоии ахири тарафдорони давлат охирин ҳушдор барои ҳамагон буд. Рӯзи 30 декабр, ҳамагӣ 3 рӯз баъд аз эътирозҳои мухолифин дар Теҳрон, ки 8 кушта ба ҷо гузошт, садҳо ҳазор аз тундравони тарафдори давлат ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, муҷозоти тазоҳургарон ва раҳбарони мухолифинро тақозо карданд. Рӯзи ҷумъа, бино бар хабари сомонаи ҳизби Маҳдии Каррубӣ, мошини зиреҳпӯши ин раҳбари мухолифини Эрон дар шаҳри шимолии Қазвин ҳадафи тирборон қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG