Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба консулхонаи ояндаи Амрико дар Ҳирот


Алайҳи сохтмони ояндаи консулхонаи Амрико дар шаҳри Ҳироти Афғонистон чандин мушак шиллик шудааст. Ин ҳамла ду қабати биноро тахриб кард, вале кадом талафоти ҷонӣ надошт. Акрамуддин Ёвар, раҳбари пулиси манотиқи ғарби Афғонистон, гуфт, ду мушак ба қабати севвум ва чаҳоруми сохтмони консулхона асобат карда, вале мушаки севвум комилан хато рафтааст. Сафорати Амрико дар Кобул хабари ҳамла ба сохтмони ояндаи консулхонааш дар Ҳиротро таъйид кард, вале ҳанӯз дар ин бора ҷузъиёт надодааст.
XS
SM
MD
LG