Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри наворҳои бомбгузори урдунӣ


Телевизиони арабии Ал-Ҷазира ва телевизиони Покистон навори видеоиеро нашр карданд, ки гумон меравад, ба бомбгузории урдуние марбут бошад, ки маъмурони иктишофии Амрикоро дар Афғонистон тарконда буд. Дар навори нашркардаи Ал-Ҷазира Ҳумом Балавӣ хостори ҷустани интиқоми раҳбари кушташудаи Таҳрики Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд шудааст. Дар навори нашркардаи телевизиони Покистон бомбгузори урдунӣ ҳамроҳ бо раҳбари нави Толибони Покистон Ҳакимуллоҳ Маҳсуд зоҳир мешавад.
XS
SM
MD
LG