Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ


Дар Тоҷикистон пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои инфиродӣ идома дорад. Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ҳавзаи Рашт вазири шуғли аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуровро пешбарӣ кардааст, ки зоҳиран бо вазири пешини иқтисод Давлат Усмон вориди рақобат хоҳад шуд. Дар ҳавзаи Кӯлоб номзади ҳизби ҳоким сафири Тоҷикистон дар Минск Амирхон Сафаров шудааст, ки барои курсии вакилӣ бо номзади ҲНИ Саидумар Ҳусайнӣ мубориза хоҳад бурд. Дар ҳавзаи Хоруғ ҳизби сотсиал-демократ раиси бахши вилоятиаш Алим Шерзамоновро пешбарӣ кардааст. Ҳизби ҳоким номзадаш дар ҳавзаҳои Хоруғу Ванҷро ҳафтаи оянда эълон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG