Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран тавассути шумораи телефоне, ки махсус барои шунавандагону хонандагони Радиои Озодист, як шунавандаи мо бо исми Илҳом Умаров аз Русия дар тамос шуд ва чанд масъалаи барои садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик муҳимеро бардошт.

Илҳом Умаров аз вилояти Суғд ва касбаш дар ватан омӯзгорӣ будааст, феълан дар вилояти Ставрополи Русия кори сохтмон мекунад, вале мегӯяд, нигарони ояндаи худу муҳоҷирони дигари тоҷик аст, ки фардо вақте пир шуданд, нафақаи онҳоро кӣ хоҳад дод?

Масъалаи дигаре, ки Илҳом Умаров гузошт, таъмини амнияти мусофиронест, ки тавассути роҳҳои оҳан аз Русия ба Тоҷикистон бармегарданд. Ба гуфтаи ӯ, мусофирон дар роҳ ҳадафи тамаъҷӯии кормандони ОМОН-и Русия қарор мегиранд.

Барои шунидани сӯҳбати Илҳом Умаров гӯшаи «Чандрасонаӣ»-ро зер кунед.


Аммо агар шумо ҳам ҳарфе барои гуфтан, пурсише ва ё хабар ё назаре доред, тавассути СМС бо Радиои Озодӣ дар миён гузоред ва ё ба мо занг занед. Шумораи телефони мо дар Прага чунин аст: (420) 725 037 943. Ин шумораи Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати шумост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG