Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зуҳуров ба ҷои Хайруллоев хоҳад омад?


Феълан раёсати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро Сайдулло Хайруллоев бар ӯҳда дорад, ки низ намояндаи ҳавзаи интихоботии Рашт аст

Феълан раёсати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро Сайдулло Хайруллоев бар ӯҳда дорад, ки низ намояндаи ҳавзаи интихоботии Рашт аст

Шукурҷон Зуҳуров, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, номзади интихоботии ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд.

Дар конфронси минтақавии худ ин ҳизб номзадии Зуҳуровро аз ҳавзаи Рашт пешбарӣ кард. Аҳли конфронс бо аксари кулли овозҳо аз номзадии оқои Зуҳуров ҷонибдорӣ кардаанд. Зимнан дар ду рӯзи қабл Давлати Усмон, яке аз чеҳраҳои саршиноси кишвар, низ аз ин минтақа тариқи худпешбарӣ номзадии худро барои ишғоли курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон муаррифӣ карда буд.

Номзади пешниҳодшуда аз ин ҳавза (Рашт), ба эҳтимоли зиёд аз номзадҳои аслии курсии раиси порлумони кишвар хоҳад буд. Зеро то кунун чун анъана ин курсӣ дар ихтиёри намояндагони минтақаи шарқи Тоҷикистон қарор дошт ...
Аҳзоби дигари сиёсии Тоҷикистон то кунун аз ин ҳавза номзадҳои худро муаррифӣ накардаанд. Аммо тибқи иттилои дарёфтӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ин ҳавзаи интихоботӣ ба Маҷлиси намояндагон номзади худро пешниход намекардааст.

Ва аммо ба гуфтаи коршиносон, Шукурҷон Зуҳуров, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз сиёсатмадорони ботаҷриба ва бособиқа дар саҳнаи сиёсии кишвар буда, аз нафарони наздики президенти Тоҷикистон ба шумор меравад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳоди номзадии Шукурҷон Зуҳуровро як интихоби дуруст ва худи ӯро як шахси шоиста меномад.

Бо ин ҳол бархе аз соҳибназарон тахмин мезананд, ки номзади пешниҳодшуда аз ин ҳавза, ба эҳтимоли зиёд, аз номзадҳои аслии курсии раиси порлумони кишвар хохад буд. Зеро то кунун чун анъана ин курсӣ дар ихтиёри намояндагони минтақаи шарқи Тоҷикистон қарор дошта, дар ду навбати ахир низ, ки Сайдулло Хайруллоев раёсати Маҷлиси намояндагонро бар ӯҳда дорад, маҳз аз ҳамин ҳавзаи интихоботӣ ин мансабро соҳиб шуда буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари соҳибназарон, аз ҷумла Қосими Бекмуҳаммад, бар ин назаранд, ки Маҷлиси намояндагон дар низоми идории кишвар нақши чандоне надорад. Ба эътикоди оқои Бекмуҳаммад, ҳоло фурсати он расидааст, ки кишвар дорои як парлумони фаъолтар бошад.

Шукурҷон Зуҳуров зодаи деҳаи Миёнадуи минтақаи Вахёи ноҳияи ҳозираи Тавилдара буда, ба саҳнаи сиёсии кишвар дар солҳои навадум ворид шудааст. Ӯ дар ноҳияи Комсомолободи пешина раиси кумитаи иҷроия ва ҳамзамон дар Шӯрои олии кишвар дар соли 1990 раиси Кумитаи шуғли аҳолӣ ва оиларо бар ӯҳда дошт.

Вай баъдан се навбат вазири меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар таъин шуд. Шукурҷон Зуҳуров дар нахустин даври гуфтушунидҳои байни тоҷикон, ки дар моҳи апрели соли 1994 дар Маскав доир шуд, раҳбарии ҳайати ҷониби ҳукумати Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG