Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози корзори интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ


Муҳибулло Додоҷонов, роҳбари дастгоҳи КМИР, мегӯяд, фурсати пешниҳоди номзадҳо ба интихобот ду ҳафтаро дар бар мегирад

Муҳибулло Додоҷонов, роҳбари дастгоҳи КМИР, мегӯяд, фурсати пешниҳоди номзадҳо ба интихобот ду ҳафтаро дар бар мегирад

Шурӯъ аз имрӯз, 9-уми январ, марҳилаи пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ба таври расмӣ оғоз мешавад. Интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоёт доир хоҳад шуд.

Муҳибулло Додоҷонов, роҳбари дастгоҳи КМИР, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бар пояи қонун дар бораи интихоботи вакилони маҷолиси маҳаллӣ, фурсати пешниҳоди номзадҳо ба ин интихобот ду ҳафтаро дар бар мегирад.

Ба таъйиди раҳбари дастгоҳи КМИР, ҳамакнун аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои мустақил метавонанд аснод ва мадраки худро барои пешбарӣ ва таъйид ба комиссияҳои ҳавзавӣ ироа кунанд.

Ба ин далел, ки раиси маҷлиси вакилон дар шаҳр, ноҳияҳо ва вилоёт ҳамзамон намояндаи президент ва намояндаи ҳукумати иҷроия аст, мақоми вакилӣ ҷойгоҳи худро дар низоми ҳокимият аз даст додааст ...
Дар ҳоли ҳозир ҳамаи ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ширкат варзанд. Барои мисол, ҲХДТ ба унвони ҳизби ҳоким тасмим гирифтааст, ки дар ҳама ҳавзаҳои интихоботӣ ба мақомоти намояндагӣ дар маҳаллҳо афроди худро ба ҳайси номзад пешбарӣ намояд.

Аммо масъулони аҳзоби дигарандеш, аз ҷумла ҲНИТ ва ҲСДТ, мегӯянд, ки пешбарии номзадҳо ба вакилони маҷолиси маҳаллӣ вобаста ба имкон ва нуфузи ин созмонҳои сиёсӣ дар манотиқ сурат мегирад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ ва аз муддаиёни курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон аз шаҳри Душанбе, гуфт, ки ин ҳизб ин навбат дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ба таври ҷиддӣ ширкат хоҳад кард. Оқои Сайфуллозода афзуд, ки ҲНИТ қарор кардааст, кидар 80 дарсад аз ҳавзаҳои интихоботии маҷолиси маҳаллӣ намояндагони худро номзад пешбарӣ кунад.

Аммо Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҲСДТ ва аз довталабони курсии парлумонӣ, гуфт, ки ҳизби онҳо тасмим гирифтааст, ки дар 25 дарсад аз ҳавзаҳои интихоботӣ номзадҳои худро ба мақомоти намояндагӣ дар манотиқ пешбарӣ намояд.

Бо ин ҳол бештари коршиносон ва таҳлилгарон аз ҳузури камранги мақомоти намояндагӣ ва зери бори ҳокимияти иҷроия қарор гирифтани он изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ашӯрбой Имомов, яке аз ҳуқушиносони варзидаи тоҷик, мегӯяд, ки дар қавонин вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ аз салоҳият ва ваколатҳои густарда бархурдоранд. Вале ба ин далел, ки раиси маҷлиси вакилон дар шаҳр, ноҳия ва ё вилоят ҳамзамон намояндаи президент ва раиси ҳокимияти иҷроия аст, мақоми вакилӣ таъсис ва ҷойгоҳи худро дар низоми ҳокимият аз даст додааст.

Бар пояи қавонини кишвар, иҷрои қарор ва асноди қабулшуда дар маҷолиси маҳаллӣ барои ҳокимияти иҷроияи ҳатмист, таҳия ва назорати буҷаии маҳал низ дар доираи салоҳияти мақомоти намояндагӣ вогузор шудааст ва ҳамчунин бидуни ризоияти маҷлиси маҳаллӣ тағйироти ҳудудӣ дар ин қаламрав ғайриимкон аст. Ва вакили маҷолиси маҳаллӣ низ бидуни ризояти маҷлис ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нахоҳад шуд.

Зимнан шумори вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе то шаст ва дар сатҳи ноҳия то чиҳил нафар муайян шудааст. Замони баргузории интихоботи маҷолиси маҳаллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон дар як рӯз 28 феврали соли ҷорӣ таъин шудааст.
XS
SM
MD
LG