Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин боди нарм дар муносиботи Маскав ва Тифлис


Нахустин парвози ҳавопаймои Гурҷистон ба Маскавро гурҷиҳои ин шаҳр ҳамроҳ бо ҷамъи хабарнигорон пешвоз гирифтанд

Нахустин парвози ҳавопаймои Гурҷистон ба Маскавро гурҷиҳои ин шаҳр ҳамроҳ бо ҷамъи хабарнигорон пешвоз гирифтанд

Ҳавопаймои мусофирбари гурҷӣ барои нахустин бор баъд аз ҷанг миёни Русияву Гурҷистон дар моҳи августи соли 2008 дар фурӯдгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав нишаст.

Субҳи рӯзи ҷумъа хабарнигорон дар фурӯдгоҳи Тифлис ҷамъ омада, шоҳиди он шуданд, ки чӣ гуна 86 мусофир вориди ин ҳавопаймо шуданд.

Нино Ҷоргобианӣ, намояндаи ширкати Georgian Airways, гуфт, ки ҳама билетҳо ба хайтсайри Тифлис Маскав фурӯхта шудаанд. Ӯ афзуд, ки “талабот ҳам дар Тифлис ва ҳам дар Маскав хело зиёд буд, зеро то имрӯз мардум маҷбур буданд, ки тавассути кишвари саввум ба ин ду шаҳр парвоз кунанд”.

Русия парвозҳои мустақими ҳавопаймоҳо ба Гурҷистонро баъд аз ҷанги панҷрӯза дар моҳи августи соли 2008, ки бо шикасти Гурҷистон поён ёфт, қатъ карда буд ...
Мақомоти Русия ба ҳавопаймоҳои гурҷӣ иҷоза доданд, ки тайи се рӯз - аз 8 то 10 январ ба шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург парвоз анҷом диҳанд. Дар ҳамин ҳол масъулини ширкати Georgian Airways изҳори умедворӣ карданд, ки Русия барои анҷоми парвозҳо рӯзҳои 16, 20 ва 24 январ низ иҷоза хоҳад дод.

Гуфта мешавад, ки дар фурӯдгоҳи Маскав нишастани ҳавопаймои гурҷӣ баъд аз тақрибан якуним соли таваққуф умедҳоро барои аз сар гирифтани парвозҳои мустақиму муттасил миёни ду кишвар дубора дар дилҳо бедор кардааст.

Як гурҷии кӯҳансоли муқими шаҳри Маскав қабл аз нишастан ба ҳавопаймо ба Радиои Озодӣ гуфт, “ман худро озод эҳсос мекунам, ман ба хонаам, ба Маскав меравам. Ман ба ин ҷо барои дидани набераам омада будам ва маҷбур шудам, ки аз тариқи Ереван парвоз кунам. Агар парвозҳои муттасил аз сар гирифта шаванд, ман дар як сол то се бор ба Гурҷистон сафар хоҳам кард”.

Русия парвозҳои мустақими ҳавопаймоҳо ба Гурҷистонро баъд аз ҷанги панҷрӯза дар моҳи августи соли 2008, ки бо шикасти артиши Гурҷистон поён ёфт, қатъ карда буд.

Коршиносон иҷозаи муваққатии анҷоми парвозҳо миёни Тифлис ва ду шаҳри бузурги Русияро чун нишонаи ба тадриҷ об шудани яхи хусумату нобоварӣ миёни ду кишвар арзёбӣ мекунанд. Аз ин пеш Русияву Гурҷистон тасмим гирифта буданд, ки гузаргоҳи марзии Ларси Болоро боз кунанд – ин ягона гузаргоҳест, ки аз Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, ду ҷумҳурии аз канори Гурҷистон берунрафта, убур намекунад.

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, моҳи декабр изҳор намуд, ки барои эҳёи парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар монеъае мавҷуд нест. Ӯ ҳамчунин аз рафтуои бидуни раводиди гурҷиҳо ба Русия ва лағви тасмими манъи воридоти шароби гурҷӣ ба кишвар пуштибонӣ карда буд.

Ин ҳафта калисои ортодокс ваё православии Русия низ эълом дошт, ки Усқуф ваё Патриархи Маскав ва кулли Русия Кирилл рӯзҳои наздик ба Гурҷистон сафар хоҳад кард. Ва аммо Маскав ҳама гуна гуфтушунид бо раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ба хотири эҳёи равобити дипломатӣ миёни ду кишварро рад мекунад.

Тифлис равобити дипломатӣ бо Маскавро моҳи сентябри соли 2008, баъди он қатъ кард, ки Русия истиқлоли Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистонро расман эътироф намуд.
XS
SM
MD
LG