Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзи ҷумбиши мухолифони Эрон


Телевизиони давлатии Эрон дар бораи марги Нидо Оғо Султон, зани ҷавони эронӣ, ки дар ҷараёни тазоҳуроти баъди интихоботӣ дар Теҳрон кушта шуд, як филми мустанад пахш кард.

Навори ҷон додани Нидоро миллионҳо нафар дар саросари дунё тамошо карданд ва ӯ ба рамзи муқовимат алайҳи режим табдил ёфт. Аммо филми мустанади телевизиони давлатии Эрон мегӯяд, ки Нидо ҷосуси хориҷӣ буд ва марги ӯ саҳнасозие беш нест.
Ҳиҷозӣ, ки бинобар мушкили амниятияш аз Теҳрон ба Британия фирор кардааст, дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ филми мустанадро шармовар ва кӯшиши номуваффақи гурез аз ҳақиқат унвон кард....


Наттоқи телевизион мегӯяд: "Рамзи ҷумбиши мухолифони Эрон, Нидо Оғо Султон ҷосуси Иёлоти Муттаҳида ва Британия буда, марги ӯ саҳнасозие беш нест. Ҷон додани Нидо дар маҳзари ом сохта буд ва хунеро, ки аз ҷабин ба чеҳрааш мерехт, Нидо дар зерфе бо худ оварда буд. Баъдан ин духтари 27-сола ҳангоми интиқол ба бемористон, дар роҳ ба қатл расид."

Назарияи тавтеъа, ки пояи филми мустанади тавлиди телевизиони давлатӣ рӯи он устувор шудааст, дуруст ҳамон назарияест, ки мақомоти Эрон аз рӯзи марги Нидо Оғо Султон баён доштаанд ва марги ӯро амали мармуз ва тарҳрезишуда унвон карданд.

Давлати Эрон дар ҳоле ба ин қатл вокуниш кардааст, ки навори ғайрикасбии нафаре аз ширкатдорони тазоҳурот ба ба он далолат мекунад, ки 20-уми июн Нидо дар байни эътирозгарон буд. Ӯ ва даҳҳо ҳазор ҳаводорони мухолифин дар Теҳрон бар алайҳи манъи эътироз ба натоиҷи интихоботи 12 июн ҷамъ омаданд.

Он рӯз дар пайи задухӯрди тазоҳургарон бо нирӯҳои амниятӣ ҳадди ақал 10 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ гардид. Аммо чеҳраи фаромӯшношудании Нидо ва лаҳзаи ҷон додани ӯ ошӯберо дар дохилу хориҷ ба бор овард. Навори ҷон додани Нидо бо телефони мобил сабт ва баъдан дар торнамои Ютуб нашр шуд. Нидо дар як лаҳзаи он ба рамзи муқовимати мухолифин алайҳи режим табдил ёфт ва ҳоло акси ӯ дар ҳар эътирози мухолифон ифтихормандона баланд мешавад. Нидо акнун парчамест дар дасти мухолифин , ки ҳукуматро ба бӯҳрони гӯшношунид рӯбарӯ кардааст.

Филми мустанади сохти Телевизиони давлатии Эрон дар бораи марги Нидо Оғо Султон дар таърихи 5 январ аз шабакаҳои телевизионӣ, бо шумули шабакаи англисизабони байналмиллӣ пахш гардид. Дар ин филм Нидо ҳамчун ҷосуси хориҷӣ ва қурбонии тавтеъаи мухолифону хоҷаҳои хориҷии онҳо муаррифӣ шудааст. Филми мазкур Ораш Ҳиҷозӣ пизишкеро, ки Нидои захмиро муоина кард ва устоди мусиқии Нидоро ки бо дар ҳамоиши эътирозӣ буд, ҳалқаҳои як тавтеъа хондааст. Ровӣ филм илова мекунад, ки ҳамин тавр Нидоро бо фиреб куштанд.

Аммо Ораш Ҳиҷозӣ, ки ба қатли Нидо муттаҳам шудааст, ин ҳамаро рад кард гуфт, ки ӯ ҳангоми интиқоли Нидо ба бемористон ӯ дар мошин набуд. Ҳиҷозӣ, ки бинобар мушкили амниятияш аз Теҳрон ба Британия фирор кардааст, дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ филми мустанадро шармовар ва кӯшиши номуваффақи гурез аз ҳақиқат унвон кард.

Ҳиҷозӣ муътақид аст, ки Нидо аз тарафи намояндаи Басиҷӣ, ки дар байни тӯдаи мардум буд, кушта шуд. Ӯ иддао дорад, ки мардум ин намояндаро боздошт ва корти шиносоияшро мусодира карданд. Баъдан ин санад дар яке аз сайтҳои мухолифон ба нашр расид. Ҳарчанд Ҳиҷозӣ шахсияти боздоштшударо ошкоро шиносоӣ кардааст, аммо мақомоти адлия барои шурӯи бозҷӯӣ алайҳи ӯ иқдом накардаанд.

Дар шаш моҳи баъд аз ҳалокати Нидо Оғо Султон мақомоти Эрон чандин фарзияи ин ҳодисаро пеш оварданд. 6 январ сафири Эрон дар Баҳрайн Ҳусейн Амир Абдулоиён гуфт, нафароне аз Британия ва Иёлоти Муттҳаида ба суфуфи мухолифин роҳ ёфтанд ва ба ҷони иддае сӯиқасд карданд. Ӯ афзуд, ин гурӯҳҳо бо куштори Нидо иктифо накарданд ва дар таърихи 27 декабр Алӣ Мусавӣ - бародарзодаи раҳбари мухолифин Мирҳусейн Мӯсавиро ба қатл расониданд. Он рӯз дар баробари Алӣ Мусавӣ 8 тани дигар низ кушта шуданд.

Ораш Ҳиҷозӣ мегӯяд фарзияҳои Теҳрон дар мавриди ҳалокати Нидо пайваста дар тағйир меёбанд. Матбуоти Эрон гуфтааст, ки филми мустанад иддаои матбуоти Ғарбро ба чолиш кашида, нигоҳи дигарест ва ҳалокати Нидо Оғо Султон.

Аммо ба гуфтаи Ораш Ҳиҷозӣ бо ин ҳама таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаккули афкори умум алайҳи саркӯбии мухолифон дар Эрон, марги Нидо усутхонест дар гулӯи мақомот.

Каспиан Макан, номзади Нидо, ки қабл аз берун шудан аз Эрон чанде дар зиндон буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳафта ба акси санги марқади Нидо тавҳин шудааст. Ӯ дар ин амал аз онҳое гумонбар аст, ки мардуми бегуноҳро боздошт мекунанд, мекӯбанд ва мекушанд. "Ончӣ мақомоти исломӣ бо санги ёдбуд карданд баробар ба қатли дубораи Нидост". Мегӯяд Каспиан Макан, номзади Нидо Оғо Султон.
XS
SM
MD
LG