Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сиёсатшиносон мегӯянд, интихоботи порлумонии моҳи феврали Тоҷикистон дар сояи таблиғот барои харидории саҳмияҳо ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун қарор гирифтааст.

Бо вуҷуди он ки 20 рӯз аз эълони баргузории интихобот сипарӣ мешавад, то кунун на аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ва на аз ҳавзаҳои инфиродӣ ягон номзад сабти ном ва шаҳодатномаи номзадиро нагирифтааст.
Таваҷҷӯҳ ба интихобот дар ҳамаи сатҳ камранг аст ва танҳо як Ҳизби аграрӣ ба нашрияи ӯ пешниҳоди матолиби интихоботиро додаст. Дар ҳоле, ки ба ҷуз аз ҲНИТ ва ҲХДТ ягон ҳизби дигар нашрияи худро надорад...

То кунун танҳо ду ҳизб аз ҳашт ҳизби сиёсӣ феҳрасти такмилушдаи номзадҳои худро ба КМИР мураррифӣ кардааст. Ҳатто ҲХД-и ҳоким низ то феълан пешниҳоди асноди номзадҳои худро дар ҳавзаи ҳизбӣ анҷом надодааст. Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи КМИР Тоҷикистон мегӯяд, аҳзоб барои такмили асноди номзадҳои худ то рӯзи 14 январ фурсат доранд.

Ба ин тартиб, то шаш рӯзи дигар на фақат аз тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ, балки аз ҳавзаҳои инфиродӣ низ замони пешбарии номзадҳо ба поён мерасад. Вале маълумоте, ки то замони таҳияи ҳамин гузориш ҳосил шуда буд, камокон дар 15 ҳавзаи инфиродӣ муддаъиён ба номзадӣ муаррифӣ шудаанд.

Дар ҳоле, ки дар саросари кишвар 41 ҳавзаи интихоботӣ вуҷуд дорад. Аксари номзадҳои муаррифишуда аъзои ҲХДТ ва ҲНИТ мебошанд. ҲНИТ то кунун аз се ҳавза ва ҲХД ҳоким аз ду ҳавзаи шаҳри Душанбе номзад пешниҳод карадаанд. ҲСДТ низ аз як ҳавзаи ин шаҳр раиси худро ба номзадӣ мурраифӣ кардааст. Аҳзоби дигар дар ин чор ҳавза то кунун номзад надоранд. Ва на танҳо дар ин чор ҳавза, балки дар ягон ҳавзаи дигари инфиродӣ ба ҷуз аз намояндагони ду ҲХД ва ҲНИТ номзадҳо мураафӣ нашудаанд. Албатта ба истиснои Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, ки зиркар рафт.

Соҳибназарони мегӯянд, дар тамоми умри интихоботҳои рақобатӣ, яъне аз соли 1990 то кунун чунин корзори интихоботи бешавқу шӯрро ёд надоштаанд. Ҳатто интихоботи соли 1995 бо вуҷуди ҷанги дохилӣ ангеза ранги хос доштааст. Аммо акнун аҳзоб ҳатто ҳавсалаи талбиғи худ дар расонаҳо ва он ҳам ройгонро надоранд. Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж» ва мудири Маркази таҳқиқоти журанлистии Тоҷикистон мегӯяд, "таваҷҷӯҳ ба интихобот дар ҳамаи сатҳ камранг аст ва танҳо як Ҳизби аграрӣ ба нашрияи ӯ пешниҳоди матолиби интихоботиро додаст. Дар ҳоле, ки ба ҷуз аз ҲНИТ ва ҲХДТ ягон ҳизби дигар нашрияи худро надорад."

Аммо чаро чунин вазъе пеш омада? Коршиносон чанд омилро дар сард омадани корзори интихоботии имсол муассир медонанд. Аз ҷумла зеҳнияти шаклгирифта дар мавриди интихоботро, ки умдатан бовар доранд, тақаллуб густарда хоҳад буд ва аз пеш барандагони интхобот касонеро медонанд, ки пуштибонии мақомотро дошта бошанд. Коршиносон мегӯянд, вазъи мавҷуд навъе бозгӯи он аст, ки ҳатто ваъдаи раиси ҷумҳур дар мавриди баргузории интихоботи шаффоф натавонистааст, шакку тардидро бизудояд ва эътимод ба интихоботи шаффофро ба вуҷуд биорад. Ҷумъаи Мирзо, сардабири рузномаи «Нури зиндагӣ» мегӯяд, гар пешниҳоди аҳзоб дар марвиди қабули Қонуни нави интихобот пазируфта мешу два он қабул мегашт, шояд интихобот шӯри бештаремедошт.

Ба ин тартиб, дар шаҳри Душанбе аз шахсиятҳои нисбатан матраҳи муаррифишда аз ҲХДТ Сафаралӣ Раҷабов, раиси собиқи Маҷлиси олӣ ва Маҳмадалӣ Ватанов, вакили феълии МН мебошанд. ҲНИТ-ро дар ҳафзаҳои Душанбе Ҳикматулло Сайфуллозода, Зарафо Раҳмонӣ ва Муҳаммадии Навид намояндагӣ мекунанд. Аз чеҳраҳои дигари матраҳ Абдуҷалол Салимов, вакили МН ва вазири пешини нақлиёт аст, ки ҲХДТ дар ҳавзаи Вахш ӯро номзад кард ва қарор аст ба рӯзи шанбе ҲНИТ низ Муҳаммадҷони Нурӣ, фарзанди бузурги Саид Абдуллоҳи Нуриро дар ин ҳавза рақиби ӯ кунад.

Аммо то кунун бар асоси хабарҳои ҳосила танҳо се тан шахсияти мустақил ҳозир шудаанд худро аз ҳавзаҳои инфиродӣ номзад кунад. Ду нафари онҳо Сайвалӣ Нуров ва Муслиҳиддин Толибов аз ҳавзаи Вахш ва Давлати Усмон, аз раҳбарони пешини мухолифин аз ҳавзи инфиродии Рашт, худро барои номзадӣ муаррифӣ кардаанд.

То замони таҳияи ҳамин гузориш аз ҳеҷ як ҳавзаи инфиродии Суғд ва Бадахшон номзаде муаррифӣ нашуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG