Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: Миқёси фасод дар Афғонистон бузург нест


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, изҳор намуд, ки дар конфаронси байнулмиллалӣ дар Лондон аз кишварҳои ғарбӣ дархости кумаки иловагии молиявӣ нахоҳад кард. Қарор аст, ки ин нишасти байнулмилалӣ оид ба Афғонистон охирҳои моҳи январ баргузор шавад. Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” Карзай иттилоъи расонаҳои ғарбӣ дар бораи фасод дар ҳукумати Афғонистонро зери суол бурд ва гуфт, ки миқёси ришвату фасод ба карат бузургтар нишон дода шудааст. Раисиҷумҳури Афғонистон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон дар амри ҷилавгирӣ аз ҳалокати мардуми осоишта дар ҷараёни задухурдҳо коҳилӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG