Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Раҳмон Малик аз Додгоҳи Олии Покистон


Раҳмон Малик, вазири умури дохилаи Покистон, аз Додгоҳи Олии кишвар хост, ки иттиҳоми ӯ дар фасодро бекор кунад. Додситонӣ 15 сол қабл Раҳмон Маликро дар ришвату фасод айбдор карда буд. Моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи Олии Покистон қонуни афви теъдоди бузурги мансабдоронро лағв кард ва имконро барои бозрасии дубораи даҳҳо парвандаҳои ҷиноӣ фароҳам овард. Акнун дасти кам се вазири ҳукумати Покистон метавонанд дубора мавриди таъқиби додгоҳӣ қарор бигиранд. Раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, ки низ дар фасод муттаҳам мешуд, аз дахлнопазирӣ бархурдор аст ва аммо то куҷо ба мақом лоиқ буданаш метавонад зери суол қарор бигирад.
Қонуни авф соли 2007 аз сӯи раисиҷумҳури вақти Покистон Парвиз Мушарраф ба хотири тақсими қудрат бо сарвазири пешини кишвар Беназир Бҳутто имзо шуда буд. Ва аммо чанде баъд аз ин тасмим хонум Бҳутто бар асари як ҳамлаи террористӣ ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG