Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дирӯз, имрӯз ва фардои шабакаи ҷаҳонии Интернет


Мутахассисони фанновариҳои нав мегӯянд, ки дар даҳсолаи наздик баробар бо рушду пешравиҳо дар бахшҳои иқтисодиву сиёсӣ технологияҳои ҷадиди мисли Интернет ҳам тавсеаи бештар меёбад, вале бархе шак доранд, ки оё ин ҳама дар шукуфоиву демократисозии ҷомеаҳои ҷаҳонӣ то куҷо нақши созанда хоҳад бозид.

Люк Олнот

Бар тибқи баъзе гузоришҳои мутахассисони ғарбӣ, то имрӯз фанновариҳои навин чанд марҳилаи рушдро пушти сар кардаанд ва ҳанӯз давраи интернети телефонӣ дар пеш аст.

Гузориши пажӯҳишгоҳи Morgan Stanley, ки декабри соли 2009 нашр шуд, мегӯяд, ки дар давоми панҷоҳ соли охир ҷаҳон чанд марҳилаи рушди фанновариҳоро пушти сар кардааст: дар солҳои 1960-ум аҳли башар марҳилаи истифода аз мошинҳои электронии ҳисоббарор, солҳои 1970-ум – компютерҳои хурд, даҳ сол баъд компютерҳои хусусӣ ва дар солҳои 1990-ум марҳилаи роҳёбии интернет ба компютерро пушти сар карданд.

Дар даҳ соли оянда истифодаи интернет тавассути телефони мобил ба маротиб бештар аз компютер хоҳад шуд ва онҳое, ки то имрӯз имкони дастрасӣ ба компютерро надоштанд, якбора соҳиби чунин телефони ҳамакора хоҳанд гашт ...
Ва давраи баъдӣ - ҳамоиши интернет ва телефонҳои ҳамроҳ аст, ки дар экранҳои нозуку паҳми телефонҳои ҳамроҳ фаъол мешавад. Дигар touch-screen, ки истифодаи телефонро бо ишораи як ангушт имконкпазир мегардонад, касеро дар ҳайрат намемонад. Аз нигоҳи Morgan Stanley, тавсеаи корбарии интернет тавассути телефони мобил ба хотири эҷоди иртиботи иҷтимоии миёни корбарон, дастрасӣ ба видео, садо ва истифодаи хеле осони он босуръат пеш меравад.

Ва ин аст, ки пешгӯӣ мешавад дар даҳ соли оянда истифодаи интернет тавассути телефони мобил ба маротиб бештар назар ба компютер хоҳад шуд ва онҳое, ки то имрӯз ҳеҷ имкони дастрасӣ ба компютерро надоштанд, ба эҳтимоли ғолиб, якбора соҳиби чунин телефони ҳамакора хоҳанд гашт.

Имрӯз ҳам омори расмӣ мегӯяд, ки шумори соҳибони телефонҳои мобил дар ҷаҳон назар ба оғози солҳои 2000-ум се баробар афзудааст. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки дар ҷаҳони дар ҳоли рушд ҳоло 70 дарсади мардум соҳиби чор миллиард телефони ҳамроҳ ҳастанд.

Омори расмӣ шумори дорандагони телефонҳои мобил дар Тоҷикистонро 50 дарсад арзёбӣ мекунад. Бахши қобили мулоҳизаи онҳо ба интернет дастрасӣ доранд
Дар Тоҷикистон омори расмӣ шумори дорандаҳои телефонҳои мобилро беш аз 50 дарсад арзёбӣ мекунад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар ояндаи наздик дигар барои таксиронҳо, кишоварзон ва моҳидорон доштани телефони ҳамроҳ як чизи содда ва оддӣ хоҳад шуд. Масалан дар Кения ҳоло панҷ миллион деҳқоне, ки дар гузашта чӣ будани бонку доштани сурат-ҳисоби хусусиро орзуе беш намедонистанд, тавассути телефони мобил пули худро дар бонк арзёбӣ карда тавассути хадамоти бонки интернетӣ ҳисобу китоби пулҳояшонро назорат мекунанд.

Вақтҳои охир нақши интернет тавассути хадамоти интернети телефонӣ ва шабакаҳои иҷтимоии мисли Facebook ва Twitter хеле фаъол шудааст. Дар ошӯбҳои ахири Эрон, Молдова, Колумбия маҳз тавассути ҳамин хадамот ва технологияҳои пешрафта имкони ба хиёбонҳо баровардани милёнҳо нафар фароҳам омад.

Вале нигарониҳое ҳам вуҷуд дорад, ки гоҳо аз ин технологияҳои пешрафта гурӯҳҳои хатарзои мисли тундравҳои мазҳабиву шабакаҳои террористӣ истифода мекунанд, гоҳо наворҳои фаҳшу таҷовуз тавассути сабтҳои телефонӣ вориди интернет мешаванд, ки боиси нигаронӣ мегардад. Таърихи нововариҳои технологӣ ҳокист, ки ҳукуматҳои истибдодӣ ва режимҳои саркӯбгар дар баробари иҷозаи рушди фанноварҳо аммо аз онҳо суд бардоштаанд.

Ҳоло дар ҷаҳон намунаҳои фаровони таблиғоти кори чунин ҳукуматҳо тавассути интернету паёмҳои телефонии СМС-ро зиёд дидан мумкин аст. Баъзе давлатҳо ба мисли Чин барои шабакаҳои иҷтимоиву таблиғотии идеяҳои сиёсии худро ҳамингуна ба роҳ мемонанд.

Аммо як таҳлилгари ғарбӣ мегӯяд, набояд ин ҷо фанновариҳову ақлҳои боистеъдодро танқид кард, ки ба рушди ин технологияҳо сабаб мешаванд: технологияҳо тавони тағйири қудрати ҷаҳонро доранд, дигар чиз аз ақли одамӣ вобаста аст, ки ин ҳама неъматро ба чӣ шакл истифода хоҳад кард
XS
SM
MD
LG