Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши аз сабқат берун кардани ҳизби сунниҳои Ироқ


Ба ҳизби яке аз сиёсатмадорони маъруфи суннимазҳаби Ироқ Солеҳ Ал-Мутлақ хатари ихроҷ аз интихоботи парлумонии рӯзи 7 март таҳдид мекунад. Вакилони парлумони Ироқ аллакай дар ин бора қароре таҳия карда, далел оварданд, ки Ал-Мутлақ замони қудрати раисиҷумҳури пешин Саддом Ҳусейн бо ҳизби ҳукмрони “Баас” ҳамкорӣ мекард. Солеҳ Ал-Мутлақ метавонад бознигарии қарори парлумонро тақозо кунад.
Нозирон ҳадс мезананд, ки тасмими вакилони парлумон дар робита ба ҳизби Ал-Мутлақ вазъи сиёсии кишварро ба бунбасти нав ворид хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG