Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон минтақаҳое хосе ҳаст, ки хонаводаҳои зиёд мубталои марази сил ҳастанд. Ҳарчанд дар гузашта табобати ҷиддӣ мегирифтанд ва низ таваҷҷӯҳи хосе аз сӯи мақомоти маҳаллӣ ва беҳдошт ба он хонаводаҳо эҳсос мешуд, аммо решаи марази сил на танҳо дар он хонаводаҳо, ҳатто дар он маҳалҳо хушк карда нашудааст.

Чунин ба назар мерасад, ки дар даҳсолаҳои ахир, бо иллати шикасти як низоми мӯътадили иқтисодиву иҷтимоӣ ва низ беҳдоштӣ ин душмани, ба истилоҳ, «дар камин» занҷирҳои сангинро бозшикаста ва ба озодӣ баромадааст. Ва сироятшавии мардуми манотиқи мухталифи кишвар ба ин маризӣ низ далели он аст, ки дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон сироят ба чубчамикробҳои марази сил имконпазир шудааст.

Дар чаҳор панҷ соли пеш бо рӯи даст гирифтани барномаи вижаи ҳукуматӣ кашфи маризони сил дар Тоҷикистон ба якборагӣ афзуда ва ҳатто шумораи гирифторон ба ин маризӣ расман аз 6 ҳазор нафар гузашт. Ва дар зимн барномарезии ташхис ва табобати маризони сил рӯи даст гирифта шуд ва созмонҳои байналмилалии беҳдоштӣ посухи кӯмак карданд.

Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» дар ин шумора вазъи ташхис, табобат, гирифторону иллатҳои гирифтории сокинон ба маризии силро ба таҳлил кашид:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG