Пайвандҳои дастрасӣ

Мошини Коррубиро тирборон карданд


Ширкаткунандагони ҳамоиши пуштибонӣ аз ҳукумат сӯи мошини яке аз раҳбарони мухолифини Эрон Меҳдии Коррубӣ оташ кушоданд. Дар ин бора як сомонаи интернетии ислоҳотхоҳон хабар дод. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса ба сиёсатмадори маъруф осебе нарасидааст. Ин ҳамла дар шаҳри Қазвин сурат гирифт, ки Меҳдии Коррубӣ он ҷо дар маросими ёдбуди қурбониёни намоишҳои эътирозии мухолифин ширкат дошт. Ҷонибдорони ҳукумат биноеро, ки он ҷо маросими ёдбуд мегузашт, сангборон карданд.
Меҳдии Коррубӣ яке аз довталабони мақоми раисиҷумҳур дар интихоботи моҳи июни соли гузашта буд, ки дар он Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз эълон шуд. Мухолифин мегӯянд, ки мақомот дар ҳисобу китоби раъйҳо даст ба тақуллуб задаанд.
XS
SM
MD
LG