Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н. Хоркашев: Орзуи ман қаҳрамони ҷаҳон шудан аст


Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони маъруфи тоҷик
Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони маъруфи тоҷик

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» мусоҳибаи хабарнигори радиои Озодӣ бо паҳлавони маъруфи тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев ва раиси Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон Нуруллоҳ Лоиқов ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Соли 2009 барои гуштигири ҷавони тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев соли бобарор гардид. Вай ҳамчун барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва қаҳрамони Осиё оид ба гуштии самбо, бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа ба қатори даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2009 дохил шудааст. Набимуҳаммад зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки орзу дорад ба мисли Саидмӯъмин Раҳимов ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шавад.

Нуруллоҳ Лоиқов, раиси Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон
Бо меҳмони дигари барнома Нуруллоҳ Лоиқов, раиси Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон, мо дар мавриди бозгашти паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев ба кишвар ва ширкати ӯ дар мусобиқоти байнулмилалӣ аз тарафи Тоҷикистон сӯҳбат оростем.


Ҷаноби Лоиқов гуфт, ки дар ҳоли ҳозир гуфтушуниди раҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва сарпарастон бо Худойназар Боқиев, падари Расул, ва Владимир Елчанинов, мураббии Расул, ҷараён дорад ва рӯзҳои наздиктарин бояд қарордод аз ҷониби тарафҳо ба имзо бирасад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG