Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш нафар дар инфиҷори манзил дар Қарочӣ


Бар асари таркиш дар як манзил дар шаҳри Қарочии Покистон дасти кам шаш нафар кушта шуданд. Кормандони полис аз зери харобаҳо чанд норинҷак, силоҳи оташфишон ва, тибқи бархе хабарҳо, “камарбанди шаҳид” пайдо карданд. Раиси полиси шаҳр Васим Аҳмад ҳадс зад, ки дар ин манзил силоҳ ва маводи тарканда нигаҳ дошта мешуд. Абдул Маҷид Дустӣ, як масъули полис ба шабакаи телевизионии Покистон Geo News гуфт, ки тибқи пешгӯиҳо, манзили инфиҷоршуда ба мусаллаҳони мухолифи ҳукумат тааллуқ дошт.
XS
SM
MD
LG