Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди Муҳаммадраҳими Сайдар ва Маҳин Гурҷӣ дар Прага


Дар бинои асосии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага маҳфили ёдбуди хабарнигори бахши тоҷикӣ Муҳаммадраҳими Сайдар ва корманди Радиои Фардо Маҳини Гурҷӣ баргузор шуд. Ҷефрӣ Гедмин, раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, бо таъкиди он нукта, ки ин ду хабарнигор аз худ фақат ёди нек боқӣ гузоштаанд, ба наздикону пайвандонашон изҳори ҳамдардӣ намуд. Дар ин нишаст, аз ҷумла, гуфта шуд, ки Муҳаммадраҳими Сайдар, адиб ва хабарнигори маъруфи тоҷик, тайи солҳои ахир дар бораи ҳаводиси Русия ва кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд ва рӯзгори сангини муҳоҷирини кории Осиёи Марказӣ гузоришҳои ҷолиб ва моломол аз дард таҳия мекард. Род Шаҳидӣ, раиси Радиои Фардо, ҳамкорони мо Соҷидаи Мирзо, Искандари Хоҷамирзода ва Салими Аюбзод аз Муҳаммадраҳими Сайдар ва Маҳини Гурҷӣ ёди нек карданд ва даргузашти онҳоро талафоти сангине барои Радиои Озодӣ арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадраҳими Сайдар, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Маскав, чанд рӯз пеш дар вилояти Тула бар асари маризӣ аз олам даргузашт. Корманди Радиои Фардо Маҳин Гурҷӣ тирамоҳи гузашта бар асари як садамаи нақлиётӣ ҷароҳати сангин бардошта буд ва чанд моҳи ахир дар ҳоли беҳушӣ қарор дошт.

XS
SM
MD
LG