Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз мурофиаи додгоҳии Абдумуталлаб шурӯъ мешавад


Имрӯз дар шаҳри Детройти ИМА мурофиаи додгоҳии шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдумуталлаб шурӯъ мешавад. Додгоҳ ӯро дар чанд ҷиноят, аз ҷумла, талоши истифода аз силоҳи қатли ом дар ҳавопаймо ва сӯиқасд ба ҷони одамон айбдор мекунад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25 декабр Умар Фаррух Абдумуталлаб талош кард то дар ҳавопаймое, ки аз шаҳри Амстердами Ҳоланд ба Детройти ИМА парвоз мекард, маводи таркандаро мунфаҷир созад ва аммо мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймо садди роҳаш шуданд. Масъулияти ин ҳамлаи номуваффақро созмони “Ал-Қоида” дар Яман бар дӯш гирифт ва эълом дошт, ки аз ин роҳ мехост ба амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматии Яман алайҳи ошӯбгарони “Ал-Қоида” посух гӯяд. Гуфта мешавад, ки дар ин амалиёт низомиёни амрикоӣ ҳам ширкат доштанд.
Дар сурати собит шудани гуноҳи Умар Фаррух Абдуматаллаб ба ӯ маҳкумият ба ҳабси абад таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG