Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзошоҳи Акобир, як сокини ноҳияи Рашт, бо сармояи шахсии худ дар манзили зисташ осорхона таъсис додаст, ки ягона осорхона дар ин ноҳия аст.

Дар осорхонаи Мирзошоҳ беш аз 1500 нигора гирдоварӣ шудаанд. Зарфҳои гуногуни аз мису гилу нуқра сохта шуда тангаҳои тилоии даврони давлати бохтариҳо осорхонаро зеб медиҳанд.

Мирзошоҳ мегӯяд, баъд аз бозгашт аз муҳоҷирати Қазоқистон бо маблағҳое, ки бо худ оварда буд аз мардум осори қадимаро харидорӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз ин ёдгориҳо таърихи то 3000-сола доштаанд.

Ва аммо ин осорхона дар 22-километрии маркази ноҳия – шаҳраки Ғарм ҷойгираст, ки ба далели дурӣ на ҳама аз сокинони ин минтақа ва меҳмонон аз он дидан мекардаанд.

Мирзошоҳ гуфт, чандин бор аз мақомоти маҳаллӣ хоҳиш кардааст, ки дар Ғарм барои осорхонаи ӯ як қитъаи замин ҷудо кунанд, аммо ин хоҳиши ӯ беҷавоб мондааст.

Дар осорхонаи феълии Мирзошоҳ як қисмате аз ангораҳо аз тангии ҳуҷра беруни хона дар роҳраву долон ҷой дода шудаанд. Меҳмононе, ки ба дидани ин осорхона меоянд, як таассуроти рангин бо худ мебаранд. Ба фарқ аз дигар осорхонаҳо ин ҷо бинанда маблағе пардохт намекунад.

Соҳибназарон мегӯянд, дар замони ҷангҳои шаҳрвандӣ бисёре аз осори кадимае, ки дар дасти мардум маҳфуз монда буд, бо маболиғи ночизе фурӯхта шудааст. Ва таъсиси осорхонаи Мирзошоҳ дар ҷилавгирӣ аз қочоқи ин осори қадимаи боқимонда нақши муҳиме доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG