Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роберт Гейтс соли 2010 низ вазири дифоъ хоҳад буд


Ҷеоф Моррел-сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфт, Роберт Гейтс-вазири дифои ин кишвар дар мақоми худ, дастикам, то поёни соли 2010 боқӣ хоҳад монд. Оқои Моррел гуфт, ки моҳи декабр Барак Обама ва Роберт Гейтс ба тавофуқ расиданд, ки Гейтс то поёни соли 2010 мақоми худро ҳифз кунад. Роберт Гейтс дар давраи раёсати ҷумҳурии Ҷлрҷ Буш вазири дифои Амрико таин шуда буд, вале Барак Обама вайро дар ин мақом нигаҳ дошт. Мӯҳлати фаъолияти Роберт Гейтс дар семати вазири дифоъ дар давлати Барак Обама ба таври рӯшан пешбинӣ нашуда буд.
XS
SM
MD
LG