Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осори фарҳангиву таърихӣ, ки аз қочоқ эмин монданд


Тибқи иттилоъи мақомоти расмӣ дар азорати фарҳанги Тоҷикистон, кормандони гумруки Тоҷикистон соли 2009 дар ёздаҳ маврид аз қочоқи 783 асар ё ашёи фарҳангӣ ва қадимӣ ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ кардаанд. Бозрасии кумиссиюни вижаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ мушаххас кардааст, ки дар миёни ин осор сарватҳои нодири антиқӣ ва осори хаттӣ, ки дороии бебаҳо арзёбӣ мешаванд, мавҷуд будааст. Гузоришҳо ҳокист, ки дар муддати чанд соли ахир миқдори зиёде аз осори нодири фарҳангии тоҷикон аз осорхонаҳо низ рабуда ва ба хориҷи кишвар интиқол ёфтаанд, вале то кунун ин осор ба Тоҷикистон бозгардонада нашудаанд.
XS
SM
MD
LG