Пайвандҳои дастрасӣ

Обама:Тадобири амниятӣ ислоҳ мехоҳад


Дар давоми се рӯзи ахир бори дуввум Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар бораи сабақҳо аз иштибоҳи амниятӣ сӯҳбат кард. 7-ӯми январ вай бори дигар дар бораи чунин иштибоҳ, ки дар натиҷаи он шаҳрванди Нигерия дар рӯзи иди Мидоди Маеҳ ба ҳавопаймо роҳ ёфт, сӯҳбат кард. Обама гуфт:

"Ман дастур медиҳам, ки тадобири фаврӣ роҷеъ ба тақвияти меъёрҳои истифодашаванда барои илова кардани шахсоне ба феҳристи терористҳо, ба вижа ба феҳристи афроди ба парвозҳо иҷозанадошта андешида шавад. Мо бояд барои дур нигоҳ доштани афроди хатарнок аз ҳавопаймоҳо ва фароҳам овардани шароити сафарҳои ҳавоӣ беҳтар кор кунем".

Обама ба таври рӯшан ишора кард, ки вай барои иштибоҳи амниятӣ дар рӯзи иди Милоди Масеҳ истеъфои касеро тақозо намекунад.
XS
SM
MD
LG